89045

ПРОТОКОЛИ МАҶЛИСИ СУДИ

Дар боби 19-и моддаи 154 Кодекси мурофиаи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди тартиб додани протоколи маҷлиси суди муфассал дарҷ шудааст.

1. Дар ҷараёни ҳар як маҷлиси судии суди иқтисодии марҳилаи якум, инчунин ҳангоми иҷрои баъзе аз амалҳои мурофиавӣ берун аз маҷлиси судӣ протокол тартиб дода мешавад.

2. Дар протоколи маҷлиси судӣ ин матлаб дарҷ мегардад:

- сол, моҳ, рӯз ва маҳалли гузаронидани маҷлиси судӣ;

- вақти оғоз ва анҷоми маҷлиси судӣ;

- номи суди иқтисодие, ки парвандаро баррасӣ мекунад, ҳайати суд;

- ном ва рақами парванда;

- маълумот дар бораи ба маҷлиси судӣ ҳозир шудани шахсони иштироккунандаи парванда ва дигар иштироккунандагони мурофиаи судии суди иқтисодӣ; маълумот дар бораи ба суд пешниҳод намудан ва дидани ҳуҷҷатҳое, ки шахсият ва ваколати дахлдори шахсони иштирокчии парванда ва намояндагони онҳоро тасдиқ мекунанд;

- маълумот дар бораи ба суд пешниҳод намудан ва дидани ҳуҷҷатҳое, ки шахсият ва ваколати дахлдори шахсони иштирокчии парванда ва намояндагони онҳоро тасдиқ мекунанд;

- маълумот дар бораи ба шахсони иштироккунандаи парванда ва дигар иштироккунандагони мурофиаи судии суди иқтисодӣ  фаҳмондани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои мурофиавии онҳо;

- маълумот дар бораи огоҳ кардани тарҷумон дар хусуси ҷавобгарии ҷиноятӣ барои дидаю дониста нодуруст тарҷума кардан, шоҳидон барои дидаю дониста нишондоди бардурӯғ додан ва саркашӣ кардан аз додани нишондод, эксперт барои дидаю дониста хулосаи бардурӯғ додан;

- аризаҳои шифоҳӣ ва дархостҳои шахсони иштироккунандаи парванда;

- ба мувофиқа омадани тарафҳо оид ба ҳолатҳои воқеии парванда, талабот ва норозигиҳои арзнашуда;

- баёноти шахсони иштироккунандаи парванда, нишондодҳои шоҳидон, тавзеҳоти экспертҳо доир ба хулосаҳои худ;

- таъиноте, ки суд аз толори суд нарафта баровардааст;

- натиҷаҳои азназаргузаронӣ ва дигар амалҳо оид ба таҳқиқи далелҳо, ки дар маҷлиси судӣ  гузаронида шудаанд;

- санаи тартиб додани протокол.

3. Дар протоколи анҷом додани амали алоҳидаи мурофиавӣ ҳамчунин маълумотҳое, ки дар натиҷаи анҷом додани ин амали мурофиавӣ ба даст оварда шудааст, дарҷ мегардад.

4. Протоколро котиби маҷлиси судӣ тартиб медиҳад.

5. Протокол дар шакли хаттӣ тартиб дода мешавад. Онро бо даст навиштан ё дар мошинка чоп кардан ё бо истифодаи компютор тартиб додан мумкин аст. Протоколро раискунанда ва котиби маҷлиси судие, ки протоколи маҷлиси судиро тартиб додааст, на дертар аз рӯзи дигари ба анҷом расидани маҷлиси судӣ ва протокол дар бораи анҷом додани амали алоҳидаи мурофиавиро онҳо бевосита баъди анҷом ёфтани амали алоҳидаи мурофиавӣ имзо мекунанд.

6. Агар суди иқтисодӣ сабти стенография, ҳамчунин дар маҷлиси судӣ сабти аудио ва (ё) видеоро истифода барад, дар протокол бояд маълумотҳое, ки дар сархатҳои ҳафт, ҳашт ва ёздаҳи қисми 2 моддаи мазкур пешбинӣ шудааст, дарҷ гардад, ҳамчунин дар бораи истифодаи техникии сабти маҷлиси судӣ бояд ишора гардад. Маводҳои (ҳомили моддӣ) сабти аудио ва видео ба протоколи маҷлиси судӣ замима мегарданд.

7. Шахсони иштироккунандаи парванда ҳуқуқ доранд бо протоколи маҷлиси судӣ ё амали алоҳидаи мурофиавӣ шинос шаванд ва эродҳои худро нисбати пуррагӣ ва дурустии тартиб дода шудани он дар мӯҳлати муқарраркардаи Кодекси мазкур барои шикояти санадҳои судӣ пешниҳод намоянд. Ба эродҳо метавонад шахси иштироккунандаи парванда маводи сабти аудио ё видеои маҷлиси судиро замима намояд.

8. Дар бораи қабул ё рад кардани эрод ба протокол, суди иқтисодӣ на дертар  аз рӯзи дигари ба суд ворид шудани эрод таъинот мебарорад. Эрод ба протокол ва таъинот ба парванда ҳамроҳ карда мешавад.

Котиби маҷлиси судии Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Абдуќудусова Ҷ.У.